Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, дар ояндаи наздик дар фабрикаҳо истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ ба роҳ монда мешавад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, фабрикаи ҶДММ «Мурғи бебаҳо» дар масоҳати 3 гектар сохта шуда, дар он то 100 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Айни замон дар як сехи парандапарварӣ нигоҳубини 20 ҳазор сар чӯҷа ба роҳ монда шуда, бунёди сехҳои иловагӣ ҷараён дорад.
Дар фабрикаи ҶДММ «Ганҷи сомон», ки дар масоҳати 1,7 гектар ташкил шудааст, ду сех пурра омода ва 12,5 ҳазор сар паранда ворид гардида, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ саршумори паранда низ зиёд карда мешавад.
Раиси вилоят ташкили фабрикаҳоро барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят натиҷаи имтиёзҳои фароҳамшуда аз ҷониби давлат мебошад.