
Прокурори генералии Қазоқистон Берик Асилов нисбат ба собиқ вазири мудофиаи кишвар Мурод Бектанов барои дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 «фармонҳои ғайриқонунӣ содир карда, иншооти стратегии низомиро бе муҳофизат гузоштан» парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба сомонаи Прокуратураи генералии ин кишвар иттилоъ дод.
Ба иттилои Берик Асилов зимни ҳисоботаш ба порлумон дар бораи ҳодисаҳои хунини «январӣ» гуфт, Бектанов бо гумони сӯиистифода аз мақом дар вазъияти ҷангӣ дастгир шуда, ҳоло дар зиндон аст.
Ба гуфтаи Асилов, сарбозони Қазоқистон пеш аз фармони президент дар бораи истифодаи силоҳ ба сӯи эътирозчиён тирандозӣ кардаанд ва ин гуноҳи вазир буд. Ӯ гуфт, истифода аз силоҳ бори аввал рӯзи 5 январ ҳангоми пешгирӣ аз ҳамла ба қароргоҳи Тоқаев сабт шуда буд, ҳол он ки фармони президент 7 январ содир шуд.