Вазири корҳои хориҷии Чин иваз шуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба сомонаи ҳукумати Чин иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки вазири нав ёвари президенти кишвар Си Ҷинпин ва ҷонибдори сиёсати имрӯз маҳсуб мешавад ва аммо қабл аз таъйин шудан сафир дар ИМА буд.
Син Ган дар ин мақом Ван И-ро иваз кард, ки аз соли 2013 роҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошта, аз соли 2018 узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин буд.
Вазири навт аз моҳи июли соли 2021 сафири Чин дар ИМА буда, қабл аз ин, ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафири Чин дар Британияи Кабир буд.