
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 24 млрд 186 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд 676 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, дар соли 2022 таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардида, дар ин давра ба миқдори 1 млн 295 ҳазор тонна семент ва 1 млн 890 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2 ҳазору 535 тонна калоба ва 7 млн 824 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2022 ба миқдори 5 ҳазору 11 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 122,7 фоизи нишондиҳандаи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 52 ҳазору 731 тонна нону маҳсулоти нонӣ ва 4 ҳазору 965 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ба 10,8 млн. декалитр расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 132,1 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ, аз қабили қубурҳои металлӣ бо суръати афзоиши 134,0 фоиз, бетони сохтмонӣ 125,6 фоиз, зарфҳои шишагин 109,6 фоиз, қубурҳои асбестӣ 110 фоиз, қубурҳои пластикӣ 115,1 фоиз, профилҳои пластикӣ 157,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 126,3 фоиз, қолаби зарфи пластикӣ 164,5 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 131,7 фоиз нисбати соли қаблӣ таъмин карда шудааст.
Инчунин, дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, 16 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ, бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 289,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин ба маблағи 37,9 млн. сомонӣ зиёд аст.
Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар соли сипарӣ истеҳсоли пойафзол ба 372,5 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 55,6 ҳазор ҷуфт ё 17,6 фоиз зиёд аст.
Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ пешбинӣ гардида, давоми соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав, бо 2 ҳазору 820 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурӯъ намуданд.