
Дар ҳошияи Конфронс ва Намоишгоҳи хадамоти Ҳаҷ ва Умра (Hajj Expo 2023) Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ ҳайати Тоҷикистонро барои баррасии тадбирҳои рушди пешниҳодшуда аз ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати беҳтар намудани таҷрибаи зоирон дар давраи ҳаҷ ва умра ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик”, масъули бахши робитаҳои байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Юнус Иноёт хабар дод.
Ҷонибҳо тадбирҳои мавсими Ҳаҷ дар соли 2023 ва дастурҳои ташкилиро, ки амният ва осоиштагии ҳоҷиёнро аз лаҳзаи омодагӣ ба сафар ва то берун шудан аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ афзоиш медиҳанд, баррасӣ карданд.
Ин талошҳо дар чорчӯби талошҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои пешниҳоди хидматҳои барҷаста ба зоирон ва ғанисозии таҷрибаи онҳо дар ҳама сатҳҳои логистикӣ, амният, технология, инчунин фарҳангӣ ва дониш тавассути Барномаи зоирон равона карда шудааст.