Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 кишвари ҷаҳон маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст.
Тавре ки Маҳмадхуҷа Маҳмадиев, сармутахасиси Раёсати содироти маҳсулоти кишоварзии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, дар давраи ҳисоботӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ 191,2 ҳазор тонна мањсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 54298,8 ҳазор долларро ташкил дода, нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 17673,3 ҳазор доллар ё 48,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии содирот, сабзавот 76,7 ҳазор тонна (40,1 фоиз), меваљот 54,5 ҳазор тонна (28,5 фоиз), меваи хушк 52,4 ҳазор тонна (27,4 фоиз), ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 7,6 ҳазор тонна (4,0 фоиз) ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои номбурда, ҳиссаи зиёди содироти сабзавот, меваҷот ва меваи хушк аз рӯи ҳаҷм ба давлатҳои Қазоқистон (83,8 фоиз), Руссия (7,0 фоиз), Покистон (5,7 фоиз), Афғонистон (0,9 фоиз), Ироқ (0,7 фоиз), Узбекистон (0,6 фоиз), Беларус (0,4 фоиз), Туркия (0,3 фоиз), Украина (0,2 фоиз) ва Олмон (0,1 фоиз) рост меояд.