Дар Душанбе солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил мегардад.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар медиҳад, 28-29 апрели соли равон ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир мегардад.
Дар чорабинӣ адибон, олимон ва муҳаққиқону муаррихон иштирок мекунанд. Дар он аз ҷониби иштирокчиён маҷмӯи маърузаҳо пешниҳод хоҳад шуд.