Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд.
Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, инчунин ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷўён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон намуд.
Баъди натиҷагирии кори комиссияҳои озмун 2 нафар корманди радиои «Овози тоҷик» — Мирсаид Сатториён, муовини сармуҳаррир ва Зуҳриддин Умаров, муҳаррири бахши узбекии шабака бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар маросими тантанавӣ ба онҳо туҳфаҳои хотиравиро супурданд.