
25-30 январ дар шаҳри Тошканди Узбекистон 2-юм Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни бонувон баргузор шуд.Тими бонувони Тоҷикистон бо 3 хол ҷои сеюмро гирифт.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тими мунтахаби футзали Эрон, ки дар се бозӣ се ғалаба ба даст овард, ғолиби мусобиқа гардид. Медалҳои нуқра насиби футболбозбонувони Узбекистон (6 хол) шуд.
Пас аз натиҷагирии чемпионат ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон тақдим шуд. Соро Ширбеигӣ (Эрон) бо 7 гол беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бизингар мисли соли гузашта насиби Фаришта Каримӣ (Эрон) шуд.