Корхонаи равғанбарории шаҳри Конибодом, ки яке аз корхонаҳои маъруфу азими истеҳсоли равған дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, барқарор мегардад. Ин нукта зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур зикр гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд, ҳангоми шиносоӣ бо вазъи кунунии корхона маълумот дода шуд, ки соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ барои азнавсозии он шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббуси соҳибкорон истиқбол намуда, барои ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳо тавсия дод.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии иқтидори пешинаи корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодом тавваҷҷӯҳ зоҳир намуда, зикр доштанд, ки айни замон танҳо 20% эҳтиёҷоти мардуми Тоҷикистон ба равғани растанӣ аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ таъмин мешавад. «Дар сурати барқарории пурраи ин корхонаҳои равғанбарорӣ то 70 дарсади ниёзи мардуми кишвар бо равған аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин мешавад»- таъкид карданд Сарвари давлат.