ТАБРИКОТИ
РАИСИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ
НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам кормандони соҳаи телевизион ва радио,
аҳли эҷоду фарҳанг ва кормандони воситаҳои ахбори омма!
Аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион ва радио, ҳамчун яке аз муҳимтарин ниҳодҳои иттилоотӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим ва муассир доранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми телевизион ва радиои мамлакат ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои моддию техникӣ, инфрасохтори соҳавӣ ва имкониятҳои эҷодии телевизиону радио ба таври назаррас тақвият ёфта, шумораи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ афзоиш ёфтанд ва фазои иттилоотии кишвар боз ҳам густариш пайдо намуд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳ мондани сиёсати муосири иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар соҳаи телевизион ва радио мебошад. Гузариш ба пахши рақамӣ, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ, истифодаи технологияҳои муосири истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ ва тавсеаи ҳузури шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар фазои рақамӣ имкониятҳои нави эҷодӣ ва касбиро фароҳам овардааст.
Телевизион ва радиои миллӣ ҳамзамон дар ҳифзу эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, забони давлатӣ, анъанаҳои миллӣ, таъриху тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон ва муаррифии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар нақши муассир доранд.
Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ масъулияти кормандони телевизион ва радио боз ҳам бештар мегардад.
Аз ин рӯ, рисолати касбии мо тақозо менамояд, ки бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, риояи меъёрҳои касбӣ ва журналистӣ, таҳияи муҳтавои босифат ва рақобатпазирро таъмин намоем.
Боварии комил дорам, ки кормандони телевизион ва радиои кишвар минбаъд низ бо истифода аз таҷрибаи ғании касбӣ, тафаккури эҷодӣ, технологияҳои муосир ва имкониятҳои нави фазои иттилоотӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба ҳамаи кормандони телевизион ва радио, аҳли эҷоду фарҳанг, собиқадорони соҳа ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушбахтии рӯзгор, хотирҷамъӣ, иқболи баланд, неруи тозаи эҷодӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояндаву ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ устувор ва Ватани маҳбубамон рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!



