Ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд. Зимни чорабиниҳо роҳбарони муассисаҳои хориҷӣ аз дастовардҳои назарраси кишвар дар даврони Истиқлолият ёдовар шуда, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва нақши афзояндаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
8 сентябри соли 2026 дар шаҳри Москва ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнвораи расмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири мудофиа, муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, иқтисод, энергетика ва тандурустӣ, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, ходимони илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанон ҳузур доштанд.
8 сентябри соли 2026, дар шаҳри Токио бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони расмии Ҳукумати Ҷопон, вакилони Парлумон, роҳбарони намояндагиҳо дипломатӣ, намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии Ҷопон, инчунин ҳамватанони муқими Ҷопон иштирок намуданд.
8 сентябри соли 2026 дар шаҳри Вена бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия чорабинии расмӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур, Дабри кулли САҲА, намояндагони аршади Ҷумҳурии Австрия, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена, бахши хусусӣ, ВАО, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони бурунмарзии муқими ҷумҳуриҳои Австрия, Словакия ва Маҷористон иштирок намуданд.



