Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барқарор гардидани ҳаракати мошинҳои боркаши ватанӣ тариқи гузаргоҳи сарҳадӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ дод. Мошинҳои боркаш пас аз се соли таваққуф бори аввал вориди Чин шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳаракти мошинҳои боркаш дар робита ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ба ин кишвар қатъ гардида буд.
Аз соли 2020 то ҳол мошинҳои боркаши ватанӣ иҷозати ворид шудан ба ҳудуди кишвари ҳамсоя надоштанд. Маҳсулоти лозима бо нақлиёти боркаши Чин то сарҳад оварда шуда, аз онҷо ба мошинҳои боркаши ватанӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд.