Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Вазорат дар соли 2022 дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ дар зиёда аз 20 давлат иштирок намуд, — зикр намуд вазири маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, зимни нишасти матбуотӣ.
Дар соли 2022 зиёда аз 60 вохӯрии роҳбарият ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони муқими Тоҷикистон ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин давра 13 лоиҳаи созишномаҳои сатҳи гуногун омода карда шуда, муҳимтарини он иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии «Трансформатсияи маориф» дар шаҳри Парижи Фаронса мебошад, ки дар рафти он нақши маорифи Тоҷикистон дар Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф баррасӣ гардид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси аъзои алтернативии Шӯрои директорони ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Дар давоми соли 2022 дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода, ки таҳсилашон пурра бо забони русӣ аст, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2022 аз ҷониби кишварҳои Россия, Қазоқистон, Белоруссия,Хитой, Туркия, Руминия, Таиланд, Полша, Сербия, Венгрия, Корея, Япония ва Индонезия бурсҳои таҳсилӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ҷудо гардид.
Барои дарёфт ва иштирок дар озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 126 нафар довталаб дар зинаи магистратура, аспирантура, докторантура ва инчунин, 51 нафар дар риштаи ординатураи клиникӣ ҳуҷҷат супориданд. Ҳангоми интихоби номзадҳо барои таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ талаботи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мутахассисони баландихтисос ба инобат гирифта шуда, рӯйхати ғолибони озмун барои 74 нафар довталабон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот тасдиқ шудааст.
Дилнозаи АБДУМАЛИК,
«Овози точик»