21 декабри соли равон сармудири Раёсати марказҳои русӣ Сергей Александрович Улитин ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба илм, профессор Сангизод Д.Ш. ва декани факултети забон ва адабиёти рус Исломова Ҷамила мулоқот намуд.
Бино ба иттилои ДДОТ, зимни мулоқот масъалаҳои барқарорсозии фаъолияти Маркази омӯзишии забони русӣ, ки дар назди ДДОТ таъсис дода шудааст, баррасӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки Маркази русӣ як лоиҳаи байналмилалии фарҳангӣ буда, аз ҷониби Фонди русии «Русский мир» дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии бонуфузи ҷаҳон амалӣ карда мешавад.
Ҳадафи он дастгирии барномаҳои омӯзиши забони русӣ ва инкишоф додани муколамаи байнифарҳангӣ маҳсуб меёбад.