Омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 56 ҳазор рубли русӣ гардид. Дар ин бора Муродулло Носиров ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мирсаиди Хайрулло хабар дод.
Ба зикри номбурда, олимпиадаи мазкур моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардида, дар он 1328 нафар омӯзгорони Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок намуданд.
Ӯ аввалин бор фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгори физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 шурӯъ намуда, баъдан дар муассисаи давлатии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кори худро идома додааст. Дар тӯли фаъолияти хеш Муродулло Носиров ба чандин дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Шогирдони ӯ низ дар чандин олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд.
Муродулло Носиров ҳануз аз айёми мактабхонияш ба омӯзиши фанҳои дақиқ, бахусус математика ва физика шавқу рағбати зиёд доштааст. Аз хурдӣ орзуи омӯзгор шуданро дар дил парваридааст. Ӯ касби омӯзгориро пуршараф арзёбӣ мекунад.