
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор давлатҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ба ин шумори давлатҳо Озарбойҷон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Италия, Федератсияи Россия, ИМА, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Украина, Беларусия, Туркманистон ва Давлати Кувайт дохил мешаванд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Ба зикри номбурда, ҳамчунин Кумита бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саудӣ, Фаронса ва Малайзия дар самти табодули таҷриба, истеҳсоли филмҳо ва дастрасӣ ба дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ санадҳои ҳамкорӣ дорад.
Зикр шуд, ки дар соли 2023 барои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти таҳия намудани филмҳои аниматсионӣ 4 нафар ва 6 нафар барои таҳсилоти олии кишвар дар самти телевизион ва радио ба хориҷи кишвар сафарбар мегарданд.
Дар идомаи нишаст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз гузаштани Телевизиони Бохтар ба шакли HD иттилоъ дод. «Телевизиони Бохтар ба шакли HD гузашта, рузҳои наздик ба моҳвора мепайвандад»,- гуфт Нуриддин Саид.