
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандонаш бино месозад. Барои бунёди он 35 сотиқ замин дар минтақаи Зарафшони ноҳияи Сино ҷудо шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иброз намуд.
Бино ба иттилои номбурда, лоиҳаи ангоравии сохтмони бинои истиқоматӣ аллакай омода аст. Он аз 12 ошёна ва 144 хона иборат хоҳад буд.
“Сохтмони он рӯзҳои наздик оғоз шуда, интизор меравад, ки бунёди бино ду сол идома хоҳад кард”,- гуфт Нуриддин Саид.