Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи“Биё, ҳамроҳ омӯзем” бо иштироки Абдулзода Зиёдулло – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷеймс Пэрис– муовини директори USAID дар Тоҷикистон, Филлип Баттерфилд – роҳбари лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем”, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ва аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳаи мазкур баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Абдулзода Зиёдулло зикр намуд, ки тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ташкил ва баргузор намудани арзёбии дониши хонандагон тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ дар сатҳҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Натиҷагирии тадқиқотҳо ва пайваста доир намудани мониторинг ва арзёбии тавсияҳои пешниҳодшуда барои сифатан беҳтар намудани натиҷаҳои таълим, бахусус, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ муҳим аст.
Семинари мазкур 2 рӯз давом намуда, дар он муаррифии ҳисоботи марҳилаи ибтидоии арзёбии хониш дар синфҳои ибтидоӣ, арзёбии математика дар синфҳои ибтидоӣ ва омӯзиши иҷтимоӣ-эҳсосотӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.