Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздик ба 100 тонна мебошад.