Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳо ба осебдидагони заминларза вориди хоки Туркия шуданд. Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти садамавиву наҷот, ки барои роҳандозии корҳои наҷот заруранд бурданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия ба Туркия фиристода шуданд.
Ҳамаи ин 50 нафар касоне мебошанд, ки дар корҳои садамавиву наҷот омӯзиш дидаву таҷрибаву малакаҳои заруриро доро мебошанд.
Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд.