Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар он ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Хоҷазода Тоҳир Абдулло, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова хабар дод.
Чорабинии мазкурро Хоҷазода Тоҳир Абдулло , ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, тамоми сарбозону афсаронро, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмат намуда истодаанд, ба муносибати таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт.
Ӯ хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ҳар як ҷавонмарди бонангу номус донист. Зикр дошт, ки хизмати Ватан-Модар мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ маҳсуб меёбад.