30 сентябри соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йоҳан Шиттерер ва директори бахши банақшагирии спектри радиобасомадҳо ва корҳои байналмилалии Агентии миллии басомадҳои Фаронса (ANFR) Эрик Фурне баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.



