Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти дахлдори ду кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, мубодилаи иттилоот ва таҷриба, инчунин ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои мустақими байниидоравӣ, рушди ҳамкории ҳуқуқӣ ва идомаи муколамаи мунтазамро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории минбаъда дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баён карданд.



