Шоми имрӯз дар доираи чорабиниҳои марбут ба мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меҳмонони баландпоя аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид меҳмонон бо бахше аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ шинос шуда, бо намунаҳои муҳимми мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва таърихи чандинҳазорсолаи кишвар ошно гардиданд.
Боздиди мазкур дар доираи барномаи будубоши ҳайатҳои иштирокдори чорабинӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта, барои шиносоии меҳмонони хориҷӣ бо таъриху фарҳанг ва мероси миллӣ мусоидат намуд



