1 октябри соли 2026 дар ҳошияи иҷлосияи 44-уми UN-Water дар шаҳри Рими Италия мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ва Раиси UN-Water Алваро Ларио баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, IFAD ва UN-Water, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва рушди устуворро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти ҳамкории зич ва ҳамоҳангсозии талошҳоро дар раванди омодагӣ ба ин чорабинӣ таъкид карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор намуданд.



