
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷиҳати шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG ба корхонаи «LET Aircraft Industries»-и Чехия ташриф оварданд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона тарафҳо масъалаҳои омодасозии мутахассисони техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора аз «Сомон Эйр» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, намояндагони ширкати «Сомон Эйр» ҳамзамон бо намояндагони ширкатҳои содиротии «Czech Export Agency» ва Корпоратсияи «Export Guarantee & Insurance» вохӯрӣ намуда, оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад. Ҳавопаймо хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифодаро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳавопаймои L-410 охири солҳои 1960 тарҳрезӣ шуда, тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон барои эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.