
15-17 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО ва ИСЕСКО дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) семинар оид ба таҳкими иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳо баргузор гардид. Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов, ҳамоҳангсозии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО ва ИСЕСКО ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама ҳифзи ёдгориҳоии фарҳангию таърихии кишвар ва тарғибу ташвиқи онҳо ҷиҳати ворид намудан ба феҳристҳои ёдгориҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар кори семинар Билол Ашшобӣ, намояндаи воломақоми Созмони ҷаҳонии Ислом оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг иштирок намуд. Ӯ зимни суханрониаш гуфт, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО соли 2022 як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд. Дар ин робита тибқи дархости ҷониби ИСЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО барои панҷ соли оянда ба дафтари марказии созмон ирсол карда шуданд.
Мувофиқи гуфтаи намояндаи созмон пешниҳодҳои мазкур моҳи май- июни соли ҷорӣ дар Ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва аз ҷониби кишвари Тоҷикистон шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод карда шудааст.
Ҳамзамон, семинари мазкур ба иқтидори чаҳорчӯби институтсионалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ тақвият бахшида, фаҳмишу дониши иштирокчиёнро дар бораи механизмҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд, амиқтар менамояд.
Дар семинари болозикр мутахассисони соҳа аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзида, дар натиҷаи он ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Баъди анҷоми семинар, иштирокдорони он ба тамошои мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав рафтанд.