Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Директори Пажӯҳишгоҳи байлналмилалии Осиё Марказӣ Владимир Норов мулоцот намуд. Дар он густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, ҷонибҳо доир кардани конфронсҳои муштарак, интишори мақолаҳои таҳлилӣ дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бештар ошно кардани аҳли ҷомеа аз дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек зарур шумориданд.
Владимир Норов таассуроти худро доир ба пешрафту рушди Тоҷикистон дар марҳилаи навин мусбат арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстона доир гардид.