21 – уми феврали соли 2023 Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулуси Аскар дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ҳотой бо наҷотдиҳандагони тоҷик мулоқот кард. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар суҳбат бо ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода, роҳбари наҷотдиҳандагони Тоҷикистон, полконик Музаффар Аҳмадзода, сардори Сарраёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита ва гуруҳи наҷотдиҳандагон вазир ба ҳайати имдодгарон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмакҳои фавриву дастгириҳо ва наҷоти ҷони одамон аз вайронаҳои заминларза изҳори сипос намуд.
«Дар ин лаҳзаҳову рӯзҳои мушкил шумо ба кумаки мардуми турк омадед. Мехостам аз номи худ ва аз номи ҳамаи халқҳои Туркия бори дигар барои кори пурзаҳмату талошҳои фаровонатон изҳори миннатдорӣ кунам”, — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Раҷаб Тайип Эрдуғон, Президенти Ҷумҳуроии Туркия низ дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи вилояти Ҳотой бо имдодгарони тоҷик дидор ва мулоқот кардаву аз кори пусамари онҳо дар рафъи паёмадҳои зилзила ситоиш намуда буд.