Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок мулоқот анҷом дод. Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.
Зикр шуд, ки дар оянда ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти истифодаи тухмиҳои хушсифат, техникаи кишоварӣ, ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи кореягӣ, таҳсили донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, омӯзиши мутахассисон ба роҳ монда шавад.
Сафири фалқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи Лоиҳаҳо ҳавасмандии Ҷумҳурии Кореяро иброз намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати батанзимдарории ҳамкориҳои судманда минбаъда ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Кореяро мувофиқи мақсад шумориданд.