«Таҳкими робита ва суръат бахшидани гузариш ба иқлими тобовар, системаҳои нақлиётии камкарбон дар мамлакатҳои тараққиёбанда, ки ба баҳр баромада наметавонанд»- таҳти ин унвон дар Женева мизи мудаввар доир гардид. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дафтари СММ Ҷамшед Ҳомидов дар доираи сессияи 85-уми Кумитаи нақлиёти дохилии СММ дар Женева иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева хабар дод.
Ҷамшед Ҳомидов зимни суханронии худ ба аҳамияти ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи нақлиёти дохилӣ таъкид карда, авлавиятҳои миллиро дар доираи ҳадафи стратегии Тоҷикистон оид ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтн ба як кишвари транзитӣ баён намуд.