
Аз 13 то 15 – уми марти соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анҷумани ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора Қобилҷон Қурбонов, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Қаблан, Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳамоиши мазкур аз 28 феврал то 1 марти соли ҷорӣ доир мешавад, вале ба иттилои Қобилҷон Қурбонов, бо ташаббуси ҷониби Узбекистон саннаи баргузории нишаст таъхир ёфт.
Мавсуф гуфт, дар ҳамоиши мазкур 20 нафар ректорон ва 10 нафар ҳайати расмӣ иштирок хоҳанд кард, ки ба онҳо аз ҷумла Ином Маҷидов, ректори Донишгоҳи милли Узбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Баҳодур Мирзоев, ректори Донишгоҳи муҳандисӣ, ирригатсия ва механизатсиям хоҷагии қишлоқи Тошкент, Алишер Шодмонов, ректори Академияи тиббии Тошканд, Қодир Ҳайдаров, ректори Донишкадаи дандонпизишкии Тошканд ва роҳбарияти дигар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок мекунанд
«Мо бо аксари донишгоҳҳои Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ дорем ва итминон дорем, ки созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ, таълимӣ ва байналмилалӣ ба имзо хоҳанд расид», — таъкид карда буд Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ректор, маъмурияти донишгоҳ мутмаин аст, ки дар натиҷаи баргузории Анҷуман табодули таҷриба миёни устодону донишҷӯёни ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт.
«Мо бояд бо донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории зич дошта бошем», — иброз дошт Қобилҷон Хушвахтзода.
Зикр шуд, ки айни ҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 184 донишҷӯи ӯзбекистонӣ таҳсили илм дорад.