27 феврали соли 2023 дар Риёз вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли навтаъйини Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс (GCC) Ҷосим Ал- Будайвӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Шӯрои мазкур дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.