27 феврали соли 2023 дар Остона мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо як қатор масъалаҳоро оид ба омодагӣ ба мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки дар соли 2023 ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима намуданд.