Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода дар доираи иштирок дар Анҷумани тиҷоратии Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Лондон бо ҳайати мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) мулоқот намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) — мудири бахши энергетика Аида Сиддиқова, мудир оид ба бахши шаҳрдорӣ Екатерина Мирошник, мудир оид ба намунаи корҳо (портфел) Наталя Ханженкова, мудири минтақавӣ оид ба Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ва бонкдор оид ба энергетика Вероника Кракович мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо таваҷҷуҳ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо созишномаи ҳамкории такмили фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия»-ро имзо намуданд.