
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар Конфронси панҷуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои камтараққикарда (LDC) таҳти унвони “Аз иқтидор ба шукуфоӣ” иштирок намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъалаҳои сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ, рафъи камбизоатӣ, истифодаи неруи илм, технология ва инноватсия, дастгирии дигаргунсозии сохторӣ ҳамчун омили шукуфоӣ, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, мубориза ба тағйирёбии иқлим, COVID-19 ва эҷоди устуворӣ сафарбар кардани шарикии байналмилалӣ барои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар конфронси мазкур зиёда аз 46 давлати дунё ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.