Кашф, тармим, барқарорсозӣ, ҳифз, арзёбӣ ва пешниҳоди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба феҳристҳои ҷаҳонии фарҳангӣ дар мизи гирд дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Дар кори он академики варзидаи соҳаи архитектураи ёдгориҳои таърихӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Рустам Муқимов, Муовини якуми МД “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ, Мирзошариф Абдусаломов — ваколатдор оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармутахассиси шубаи таърихи бостон ва асрҳои миёна Саидзода Савриддин, Директори МД “Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии вазорат Зоирхони Отахон ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳим, афзалиятнок ва стратегии соҳаи фарҳанг ин соҳаи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Тамаддуни бузурги миллии тоҷикӣ, ки таърихан ба 6-8 ҳазор сол муқаддам бармегардад дар ёдгориҳои моддии бостонию меъмории таърихӣ инъикос ёфтааст. Аз инрӯ , кашф, тармим, барқарорсозӣ, ҳифз, арзёбӣ ва пешниҳоди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ талабот, заҳамот ва таҷрибаҳои пешқадамро тақозо мекунад.
Дар мизи гирд махсусан масъалаи арзёбии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, зикур гардид, ки ниҳодҳои байналмилалие ҳастанд, ки махсус барои арзёбӣ равона карда шудаанд. «Масалан, яке аз онҳо ИКОМОС (Шӯрои байналмиллалӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб) буда, Тоҷикистон то солҳои 2010-2015 дар ҳамкорӣ бо ин ниҳод фаъол ва пешсаф буд ва мутаассифона солҳои минбаъда фаъолият чандон қаноатбахш нест»,- гуфта шуд дар идома.
Дар мизи гирд устод Рустам Муқимов ва коршиносону мутахассисон вазорат барқарор кардани низоми арзёбии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро саривақтӣ ва муҳим баён дошта, иброз карданд ки Шӯрои арзёбӣ метавонад дар пешбурди парвандаҳои номинатсионӣ ва ворид намудани мероси фарҳангии Тоҷик дар феҳристҳои мероси фарҳангии умумибашарӣ имкон фароҳам орад.
Вазорати фарҳанг дар ин самт аллакай гомҳои устуворро гузошта, тасмим аст то ин самти муҳими сиёсати фарҳангӣ тибқи таъкиду супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва талаботи қонунгузории миллӣ ва байналмиллалӣ ба роҳ монда шавад.