Дар ноҳияи сарҳадии Бешариқи вилояти мазкур бо иштироки Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозорбоев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ва соҳибкорону тоҷирони ҳар ду вилоят маросими гузоштани санги асоси сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар дод.
Ҳокими вилояти Фарғона муҳтарам Хайрулло Бозоров дар суханрониаш меҳмононро хушомадед гуфта, бунёди марказро пули ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни вилоятҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон номид.
Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ дар баромади худ нақши созандаи ду роҳбари давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёевро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқ муҳим арзёбӣ карда, таъсиси Марказро барои ҳарду кишвар муфид донист. Дар баромади хеш Сафир аҳамияти ин ҳамкориҳоро барои пешрафти иқтисодиёту тиҷорати ҳар ду кишвар муҳим шуморид.
Дар чорабинӣ намояндагонӣ тиҷоратии ҳар ду вилоят ва масъулони воситаи ахбори омма иштирок намуданд. Дар охир консерти идона баргузор гардид.
Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.