Муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё ва ҳайати ҳамроҳони ӯ ҷиҳати иштирок дар комисяи муштараки ҳамкории Тоҷикистону Эрон ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар доираи ин сафар Ғуломҳусейн Ҳусейниниё аз МДТ “Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” ва МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дидан намуд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон бо синфхонаҳо ва устохонаҳои таълими истеҳсолӣ аз рӯи ихтисосҳои омӯхташаванда шинос шуда, бо хонандагони гурӯҳҳои “Туроператор”, “Ошпаз-қаннод” суҳбат намуданд. Ҳамзамон, бо роҳбарияти муассиса доир ба табодули таҷрибаи устоҳои таълими истеҳсолӣ дар кишварҳои ҳамдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар МД “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” ба ҷараёни таълим дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз қабили кафшергарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ дидан намуда, ба сатҳи таълиму касбомӯзӣ дар устохонаҳои таълимӣ баҳои хуб доданд.
Сафари гурӯҳи кории Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё дар Тоҷикистон то 16 март идома ёфта, инизор меравад, ки меҳмонон аз якчанд марказҳои таълимиву литсейҳои омӯзишӣ ва маконҳои таърихӣ дидан намоянд.