
Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бо роҳбари ширкати HOPS Labour Solutions Ltd Ҷонатан Бургесс мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, зимни мулоқот Нодирзода Иматшо раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда ибрози андеша кард.
Дар навбати худ роҳбари ширкати HOPS Labour Solutions Ltd Ҷонатан Бургесс иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур – шиносоӣ ва муҳокимаи баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ ва муҳокимаи масъалаҳо атрофи ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар Британияи Кабир мебошад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир масъулони ширкати болозикр ният доранд, ки соли ҷорӣ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба корҳои мавсимӣ дар Британияи Кабир ҳамкорӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ҳамкории ширкати «Pro-Force» бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ки муассисаи давлатӣ мебошад, дар самти сафарбаркунии қувваи корӣ барои корҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи тартиб, чунин хизматрасониҳо комилан ройгон буда, аз шаҳрвандон маблағ талаб карда намешавад.