Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир шуд. Мақсад аз баргузории он ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худошноӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.
Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар се давр доир шуда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаҳои ҷашни “Рӯзи Модар” ва Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Даври дуюми озмун бошад, дар марказҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе доир карда шуданд.
Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пӯхту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чаҳор навоҳии пойтахт аз рӯйи номинатсияҳои: ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Олимбекова Зулфия
Радиои “Овози тоҷик”