13-15 марти соли 2023 cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода дар 13-умин симпозиуми байналмилалии Ташкилоти байниисломӣ оид ба рушд ва идоракунии захираҳои об (INWRDAM) иштирок намуд. Дар он алоқаи об-энергия-озуқаворӣ-экосистемаҳо ҷиҳати таҳияи сиёсат ва ҳамкории минтақавӣ дар минтақаҳои Шом, Халиҷ ва Африқо баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни cуханронӣ сафири Тоҷикистон оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 таъкид намуд.
Номбурда ба иштирокчиён роҷеъ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” маълумоти муфассал ироа намуд.