Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти ректор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ доир шуд, хабар дод ДМТ.
Ҷонибҳо масъалаҳои шарикии стратегии созмонҳо, бахусус дар заминаи табодули академии омӯзгоронеро, ки аллакай дар ДМТ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таҷриба доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази равобити фарҳангии Ҳиндустон созишнома ба имзо расид. Дар идомаи мулоқот эътибори ин санад расман тамдид карда шуд.