Аксияи тарғиботӣ зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” дар шаҳри Душанбе идома дорад. Имрӯз чорабинии мазкур дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и пойтахт баргузор гардид.
Дар он занони фаъоли бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур, донишҷӯёни ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи. Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона маҳсуб меёбад.
Шаҳнозаи Муҳиддин
Радиои “Овози тоҷик”