Имрӯз, 17 март сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи саноати Урдун Фатҳи Ал-Ҷағбир мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои ҷалби сармоягузорони урдунӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба афзоиш додани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Ба мувофиқа расиданд, ки миёни ду кишвар форумҳои саноатӣ ва намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир гарданд.