Дар дабистонҳои деҳоти тоҷикнишини Узбекистон, аз ҷумла Деҳнав, Сариосиё, Узун, Шурчи, Олтинсой ва Сина Наврӯзи байналмилалӣ бо бо як шукуҳи хосса таҷлил шуд.
Тантанаҳои ҷашни наврӯзиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94 деҳаи Сина бо тамошои гушаи созмондодашуда бо фарҳанги миллӣ оғоз намуданд. Чорабинӣ 17 марти соли равон баргузор гардида, дар он намунаи таомҳои миллӣ, либоси миллӣ ва дигар маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар он устодон, хонандагони муассиса ва дигар намояндагони соҳаи илм иштирок намуданд. Устодони ботаҷрибаи муассиса бо ҷашни фархундаи Наврӯз иштирокчиёнро табрик намуда, дар васфи Наврӯз суханҳои нек гуфтанд.
Дар доираи чорабинӣ инчунин, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир шуданд. Он бо барномаи рангини ҳунарӣ анҷом ёфт.