Талошҳои тоҷикони покистонӣ барои эҳёи ҳувияти худ! Тоҷикони покистонӣ пас аз садсолаҳо ҳуввияти худро меҷӯянд ва барои эҳёи ном ва ҳуввияти тоҷикон дар Покистон як ҷунбиши «Тоҷикони Покистон»-ро оғоз карданд.
Дар ин кори бунёдӣ, пешвоёни фарҳангӣ ва сиёсии тоҷикони покистонӣ як моҳномае бо номи «Тоҷик» таъсис доданд.
Тоҷирони тоҷики покистонӣ низ нақши арзишманди худро доранд. Бино бар ин чанде пеш корхонаи истеҳсоли сечархаи тоҷикиро ба кор андохтанд. Ҳоло мошинҳои дарздузии тоҷикӣ истеҳсол мекунанд.
Аммо то ҳол номи “тоҷик” ба ҳуруфи англисӣ tajak навишта мешавад.