Рӯзи 20-уми декабри соли 2022 даври дохилидонишгоҳии ХХV-умин озмуни минтақавии олимони ҷавон ва аспирантон дар Донишгоҳи давлатии Комсомолск-на-Амуре баргузор гардид. Дар он аз рӯи равияи “Илмҳои техникӣ ва кимиëвӣ” 15 лоиҳаи илмӣ аз ҷониби иштирокчиëн пешниҳод гардонида шуд. Аз ин шумора лоиҳаи илмии донишманди тоҷик Беҳрӯз Табаров, ки устди донишгоҳи мазкур аст, ба даври ниҳоӣ роҳхат ëфт. Дар ин бора ин донишманд ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Даври ниҳоии озмуни мазкур рӯзи 18-уми январи имсол дар Донишгоҳи давлатии уқёнуси оромии шаҳри Хабаровск баргузор гардид, ки дар он 20 лоиҳаи илмӣ аз тамоми донишкадаву донишгоҳҳо ва академияи илмҳои минтақа ширкат карданд. Имсол дар ин озмун 140 лоиҳаи илмӣ пешниход гардидаанд.
Дар даври ниҳоӣ аъзои комиссия дар ҳайати докторони илм, проффесорон ва номзадони илм ба лоиҳаҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои навоварии илмӣ ва муҳиммияти натиҷаҳо барои дар амал татбиқ намудан бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳу сифати корхонаҳои саноатӣ баҳогузорӣ карданд.
Баъди хулосабарорӣ лоиҳаи илмии донишманди тоҷик Беҳрӯз Табаров дар мавзӯи “Навъи нави компенсатори тавоноии ғайрифаъол барои системаҳои электротаъминкунӣ бо нишондиҳандаҳои беҳтарини техникиву иқтисод” бо бартарии 142 хол сазовори ҷойи 1 дониста шуд.