Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо» имрӯз, 28 март дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он олимон ва коршиносони ватаниву хориҷӣ дар форматҳои онлайн ва офлайн баромад намуданд.
Бино ба иттилои мухбири радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амонова дар конфронс масъалаҳои арзёбии раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамоишро Абдулҳамид Қаюмов директори Маркази омӯзиши пиряхҳо-и АМИТ ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки тағйирёбии иқлим аллакай ба бисёр минтақаҳои сайёраи мо, аз қабили Арктика, Антарктика ва Осиёи Марказӣ ба таври назаррас таъсир расонидааст. Тибқи ченакҳои моҳвораӣ, қабати яхбандӣ дар уқёнуси Арктика пайваста коҳиш ёфта, дар давоми солҳои 2019-2021 ба ҳадди максималии худ расид. Пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи ҷаҳон босуръат коҳиш ёфта, об мешаванд, ки ин метавонад ба норасоии об оварда расонад, ки ба экосистема, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.
«Дар панҷ сол аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо-и АМИТ зиеда аз 50 экспедитсия гузаронида шуд. Дар кори он коршиносону тадқиқотчиён аз кишварҳои хориҷ, бахусус Қирғизистону Россия иштирок доштанд»,- қайд кард Абдулҳамид Қаюмов.
Дар идома коршиносон оид ба усулҳои нави муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барф, инчунин имкони офати табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои кам кардани зарари онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.